07:03 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
757 0 0

Дар Озмоишгоҳи иноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудаанд, ки қодир аст, дар ду дақиқа ҳама гуна лавозимоти муҳими хониш ва коргузориро безарар гардонад

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Сино Ғафурӣ, масъули матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд афзуд, ин таҷҳизот барои таъмини амнияти саломатии донишҷӯёну омӯзгорон ва масъулини донишгоҳ кашф шудааст.

  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безаркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар Хуҷанд
    аксҳо аз сафҳаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд
1 / 4
акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
"Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19, мавзӯъи маҳв намудани вирусу микробҳои гузаранда ҳамеша матраҳ дошта мешавад. Вирусҳое, ки ҳар лаҳза ва тавассути ҳамагуна ашё хавфи сироят карданро доранд. Бо дарки ин масъала кормандони Озмоишгоҳи иноватсионии донишгоҳ дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудан. Ин таҷҳизот дорои 254 нанометр пахши мавҷи ултрабунафш буда, бо ин тавон вирусу бактерияҳоеи ба қаламу дафтар ва мактбуҳо расидаро несту нобуд мекунад", - гуфт Ғафурӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи Ғафурӣ, навъоварони Озмоишгоҳи назди ДДҲБСТ дар зарфи 15 рӯз ва бо харҷи 2000 сомонӣ, ё муодили беш аз 200 доллари амрикоӣ ба сохтмони ин ҷузъдони безараркунанда аз вирус муваффақ шудаанд.Ҳоло таҷҳизоти сохташуда дар донишгоҳи мазкур дар Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад

Дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти таълимӣ ва коргузорӣ аз ҷевон, лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) шамолдеҳ (вентилятор) ва дастгоҳи ҳавокаш (гафрӣ) иборат буда, дар он қағазҳои андозаи А4 ва мактубу дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ безарар гардонида мешавад.

"Табиист, ки ҳамарӯза шаҳрвандон аз ҷумла донишҷӯёну масъулони донишгоҳҳо аз ҳуҷҷатҳои гуногуни расмӣ, аз мактубҳои содиротиву воридотӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир, ихтирои чунин дастгоҳ барои безараргардонӣ ҳама намуд маводи конселярӣ муҳим ва саривақтӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти мутахассисон ҳангоми гузоштани мактуб ё дигар ҳуҷҷатҳои лозима нурҳои ултрабунафш вирусу бактерияҳоро нобуд сохта, ба сифати лавозимоти гузошташуда таъсир намерасонад", -таъкид кард Ғафурӣ.

Ихтироъкорон иброз намудаанд, ки 254 нанометр мавҷи дохили ин таҷҳизот ба организми одамон зарар расонида наметавонад.

Изобретение Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова для дефинфекции рук
пресс-служба ХГУ имени Бободжона Гафурова

Зимнан ин дуюмин ихтирои таҷҳизоти безараркунандаи вирус дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Дастгоҳи пешина Санитайзер ном дошта ба таври худкор безарагардонии дастонро дар зарфи 5 - 6 сония ба иҷро мерасонад.

Дар шароити авҷи паҳншавии бемории каронавирус, ки ба ин ҳол риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамеша таъкид мешавад, коршиносон мутобиқ ба тавони иқтисодӣ ихтироъ ва истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизотҳои безараркунанда аз вирусро муҳим меҳисобанд.

Барчаспҳо:
безарар кардан, дастгоҳ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ