04:49 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Дар вилояти Хатлон занону духтарони лаёқатманд 21 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро ба дӯш доранд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, шумораи занҳои роҳбар дар вилояти Хатлон тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.

“Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 тан вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Шумораи бонувони коргар дар вилоят ба 196 ҳазору 858 нафар мерасад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.

Инчунин, дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 19 нафар занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 нафар ҳамчун котиби ҷамоатҳои шаҳру деҳот фаъолият доранд.

Ҳамзамон, ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Барчаспҳо:
вазифа, занони раҳбар, раҳбар, занон, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ