00:50 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 174827,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 сентябри соли 2019 0,7 фоиз зиёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар хоҷагиҳои чорводориву парандапарварии Суғд афзоиш ёфтааст, гузориш медиҳад "Ховар".

 Ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд 29208,1 тоннаро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 фоиз зиёд аст.

Истеҳсоли гӯшт дар ин давра дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Гулистон 10,4 баробар, Б.Ғафуров 1,6 баробар, Хуҷанд 8,9 фоиз, Зафаробод 15,8 фоиз, Истаравшан 11,4 фоиз ва Деваштич 7,4 фоиз зиёд гардидааст.

манбаъ меафзояд, ҳамзамон дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 174827,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 сентябри соли 2019 0,7 фоиз зиёд гардидааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,4 фоизро ташкил менамояд.

Оғози ҷамъоварии картошка дар Тоҷикобод: 1 кило 2,8 сомонӣ дар сари замин

Инчунин истеҳсоли тухм низ дар ин давра ба миқдори 380057,2 ҳазор дона ё 1,5 баробар зиёд гардида, нақшаи истеҳсол дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 2,5 баробар, Гулистон–2,1 баробар, Конибодом–1,9 баробар, Мастчоҳ–1,8 баробар, Б.Ғафуров-1,6 баробар зиёд иҷро гардидааст.

 

Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7106 сар гӯсола гирифта шудааст, ки ба 103,3 фоиз баробар аст. Афзоиш бештар дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б. Ғафуров,  Айнӣ, Деваштич, Зафаробод ва Истаравшан дида мешавад.

Ҳамзамон ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 85 458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта 4,1 фоиз афзудааст.

Нишондиҳандаҳо дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Исфара,  Мастчоҳ, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод зиёд мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ