01:38 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32410

Раисҷумҳури Тоҷикистон ташкили низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоиро маъқул донист

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.

Амри президенти Тоҷикистон дар ин хусус санаи 12 сентябри соли равон ба имзо расидааст.

Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, ки қарордод бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.

Гуфтугӯи минбаъда ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин санад бар души вазорати дифои Тоҷикистон гузошта шудааст.

Тибқи амри президент, ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда бо ҷониби Русия сана ва макони ба имзо расидани ин санадро муайян намоянд.

Дар санади мазкур қайд карда шудааст, ки бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия, тарафҳо дар ҳайати минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуди қаламрав ва фазои Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.

Гуфта шудаст, ки созишнома ба муҳлати панҷ сол баста мешавад.

таъкид шудааст, ки дар оянда агар ҳеҷ яке аз тарафҳо нияти қатъи ин созишномаро надошта бошанд, амали он ба таври автоматӣ ба панҷ соли дигар тамдид мешавад.

Барчаспҳо:
низоми зиддиҳавоӣ, мудофиа, ҳимоя, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ