18:13 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Ҳайати нозирон аз кишварҳои ИДМ ба мониторинги маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино ба иттилои хадаомти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чаҳорчӯби пайгирии интихоботи президентӣ нозирон аз кишварҳои ИДМ бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дидору гуфтушунид карданд.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси КМИР ба ҳайати нозирон дар бораи ҷараёни маъракаи интихоботӣ, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ дар ҳама сатҳҳо оид ба омодагӣ ба интихобот маълумот дод.

Дар ин гуфтугӯ қайд карда шудааст, ки барои интихобкунандагон беш аз 20 тавсияву дастурамали методӣ ва китобчаҳо таҳия шуда, омодакунии коршиносоне, ки бо аъзои комиссияҳои қитъавии интихоботӣ машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд, ба анҷом расидааст.

Дар ҳамин ҳол, нозирон аз ИДМ дар бораи фаъолияти Ҳайат ва ташкили кори он маълумот доданд.

“Кори Ҳайат ба санадҳои аз ҷониби Иттиҳод қабулшуда дар бораи тартиби амалисозии назорат ба интихобот асос меёбад”, - зикр намудааст манбаъ.

Бояд қайд кард, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР Тоҷикистон то ҳол 5 номзадро расман ба қайд гирифт.

Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби аграрӣ - Рустам Латифзода,  Ҳизби сотсиалистӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Рустам Раҳматзода ва ҳизби коммунист, Мироҷ Абдуллоевро номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ карданд.

Дар ин миён Саидҷаъфар Усмонзона номзади Ҳизби демократӣ сабти ном нашуд ва Ҳизби сотсиалдемократҳо бошад бо раҳбарии Раҳматилло Зойиров интихоботи қарибулвуқӯъро бойкот кард.

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, мониторинг, ИДМ, нозирон, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ