"Рейд"-и шабона дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд - макони паҳншавии бемориҳои сироятӣ

CC BY 2.0 / artubr / Чемпионат по киберспорту.
Чемпионат по киберспорту. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерии шаҳри Хуҷанд доир намуданд

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд амалиёти шабона баргузор намуданд.

Рейд милиции в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон
Рейди шабонаи милисаҳо дар интернет-кафеҳои Ҳисор

Бино бар иттилои манбаъ, санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ва дар бевақтии шаб дар чунин марказҳо, ба бозиҳои зараровар ва хусусияти зуроваридошта машғул мегарданд.

"Дар натиҷаи санҷиши мақсаднок ошкор гардид, ки дар 7 нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ва 4 марказҳои интернетӣ дар баробари ҷавонон 5 нафар ноболиғ низ машғули чунин бозиҳои зараровар мебошанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати ҷойдошта бо дастрасии моддаи 90-и КҲМ ҶТ нисбати волидайни ноболиғон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

"Ҷавонону ноболиғон асосан дар чунин марказҳо ба бозии зараровари Контр-страйк, ки дар он қатлу куштор ва ҷаҳолату разолат таблиғ мегардад, машғул буданд", - афзудааст РВКД.

Кормандони милитсия бо 132 нафар ҷавонон, ки дар ин марказҳои компютерӣ бо бозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ доир намуда, оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти ваҳшонияту зуроваридоштаро фаҳмониданд.

Мавриди қайд аст, ки қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар аксари марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ риоя нагардида, талаботҳои ҷойдошта оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СОВИД-19 роҳандозӣ нагардидаанд.

Нисбат ба соҳибони марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома зикргардида, яъне ба ноболиғон иҷозат додан ба бозиҳои компютерӣ ва риоя накардани дигар талаботҳои қонунгузорӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Душанбе вуруди наврасони ба интернет – кафе манъ шуд

Лентаи хабарҳо
0