00:24 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
592801

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон тартиби нави ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда дар Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасод дастур додааст, ки тартиби нави ҷойивазкунии роҳбарон дар ин ниҳодро мавриди амал қарор диҳад.

Бар асоси тартиби ҷадид, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда дар Ожонси зидди фасод як бор дар се сол амалӣ карда мешавад. Зикр шудааст, ки зимни ҷойивазкунӣ розигии корманд талаб карда намешавад.

Тартиби нави ҷойивазкунии раисон барои пешгирӣ аз фасод

Ҳадафи ҷойивазкуниҳо тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда ва пешгирии амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо арзёбӣ шудааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки истифодаи зарфияти касбии кормандони Ожонси мубориза бо фасод ва иҷрои дастурҳои дорои аҳамияти давлатӣ аз ҳадафҳои дигари тартиби нави ҷойивазкунии роҳбарон дар ин ниҳод мебошад.

Ҷойивазкунии роҳбарон метавонад дар дохили худи Ожонси зидди фасод ва ё дар сохторҳои дигар амалӣ карда шавад. Илова шудааст, ки интиқол ба мақомҳои баробар бидуни озмун ва бо назардошти малака ва натиҷаҳои корӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар тартиби тасдиқкардаи Раҳмон таъкид шудааст, ки шаффофият ва беғаразӣ аз меъёрҳои аслии ҷойивазкунии роҳбарон мебошад.

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон соли 2007 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо фасодкорӣ ташкил карда шудааст.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, фармон, роҳбарон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ