17:32 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
329 0 0

Ахиран шахси бовариноки Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо интихобкунандагони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таъкид кард, ки президент кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳадафҳои барномавии ҳафт соли минбаъдаи ҲХДТ ба ҳозирин иттилоъ дода, таъкид кардааст, ки Раиси ҲХД Тоҷикистон тайи ин солҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

“Ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем ва он дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан моро ба яке аз ҳадафҳои асосӣ – даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар ин давра тавонистем, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо бахшем”, – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол,  номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ваъда дод, ки дар оянда дар кишвар бояд бозори коғазҳои қиматнок таъсис ёбад, то маблағҳо дар дохили кишвар ба гардиш дароянд.

“Ҳамзамон, миқдори хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷумҳурӣ зиёд карда, шумораи гирандагони субвенсияро коҳиш диҳем. Барои ин ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсолӣ лозим аст, – иброз дошт Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки Зарагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз номи Меъроҷ Абдуллоев, раиси ин ҳизб, барномаи пешазинтихобии ӯро ироа намуд.

Вай афзуд, ҳадафи асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон,  пойдор гардондани адолати иҷтимоӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардум мебошад, – гуфт ӯ.

Дар охири ҷамъомад номзадҳо аз интихобкунандагон хоҳиш карданд, ки санаи 11-уми октябр ба участкаҳои интихоботӣ биёянд ва барои ояндаи дурахшони кишвар ба номзадҳо овоз диҳанд.

Барчаспҳо:
бунбаст, Роғун, Бохтар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ