03:10 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
510 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни суханрониаш таъкид кард, ки бад будани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ, ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқии соҳибкорон яке аз монеаҳои рушди беҳтари соҳибкорӣ дар ноҳия шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута супориш дод, ки ташаббусҳои соҳибкоронро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ворид намудани технологияҳои нав ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.

Вай аз мақомдорон таллаб кард, бо истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

“Дар ноҳия барои тараққӣ додани соҳибкории хурду миёна захираву имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур қайд, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ноҳия 235 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия беш аз 140 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар илова кард, ки бо дарназардошти мавзеи кӯҳистон ва дурдаст будани ноҳия ҳоло бахши соҳибкории хурду миёна асосан тавассути ба роҳ мондани савдои хурди чакана ва кишоварзӣ тараққӣ карда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки бад будани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ, малакаи нокифояи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, набудани Ассотсиатсияи соҳибкорон ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқии соҳибкорон монеаҳои рушди беҳтари соҳибкорӣ дар ноҳия мебошанд.

“Мушкилоти дигаре, ки ба пешрафти соҳибкории хурду миёна таъсири манфӣ мерасонад, дастрас набудани воситаҳои молиявӣ барои ташкили соҳибкорӣ, сатҳи баланди фоизи қарзҳо ва муҳлати кӯтоҳи истифодаи онҳо, монеаҳои маъмурӣ, нокифоя будани иттилоот барои ташкил ва идоракунии соҳибкорӣ, бахусус, дар байни занону бонувон мебошад”,  таъкид дошт Президенти Тоҷикистон.

Ба ҳамин хотир Эмомалӣ раҳмон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, вазоратҳои нақлиёт, энергетика, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин доир ба рафъи мушкилоти зикршуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Барчаспҳо:
Хатлон, ҳуқуқ, Раисҷумҳур, роҳ, сӯзишворӣ, рушд, соҳибкорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ