05:22 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48802

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави он кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи turmush.kg, ин панҷ нафар, ки сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, бар асоси қарордод бо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба исми Фатҳуллоҳ барои ҷамъоварии шираи камол ба куҳистонҳои вилояти Ботканди Қирғизистон мунтақил шудаанд.

Корфармо ба онон барои ҷамъоварии ҳар як кило шираи камол пардохти ҳашт долларро ваъда додааст.  

Онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки намедонистанд вориди қаламрави Қирғизистон шудаанд, аммо нерӯҳои марзбонии Қирғизистон пас аз чанд рӯз ононро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар боздошт кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Лайлак ҳар як аз се шаҳрванди Тоҷикистонро ба пардохти 220 ҳазор суми қирғизӣ ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум кард.

Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ҳар як ба шаш моҳ зиндон маҳкум шудаанд.

Барчаспҳо:
маҳкум, Ботканд, зиндон, пардохт, ғайриқонунӣ, шаҳрвандон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ