23:49 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102901

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ