Росту дурӯғ атрофи Шаропов, шавҳари нави Сурайё: овозаи фарқи сол дуруст нест-аксу видео

Обуна шудан
Дар пайи нашри наворҳои хонадоршавии Сурайё Қосимова маълум шуд, ки шавҳари нави ӯ Пӯлод Шаропов ном дошта, варзишкор ва соҳибкор мебошад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Шаропов ҳанӯз аз солҳои қабл дар саҳифаҳои иҷтимоияш ба таблиғи консертҳои Сурайё Қосимова машғул шуда, ҳамчунин наворҳои шуғлаш ба варзишро нашр намудааст.

Шаропов аз ишқи дерина, фарқи солу издивоҷҳояш гуфт

Шаропов инчунин мегӯяд, фарқияти синнаш бо Сурайё Қосимова на ба ҳаддест, ки дар шабакаҳо овоза шудааст. Ӯ дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфтааст, ки 45-сола аст, на 32-сола тавре дар шабакаҳо овоза шудааст. Шаропов илова намудааст, ки аз издивоҷи қаблияш се фарзанд дораду бо ҳамсари наваш дар заминаи ишқ хонадор шудааст.

Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон
Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

Бар асоси аксу наворҳое, ки Шаропов дар саҳифаи иҷтимоияш нашр кардааст, ӯ дӯстдори варзиш буда, муштзанӣ ва ҳунарҳои размии омехтаро меписандад.

Қаблан бо нашри наворҳо аз маросими хонадоршавии Сурайё Қосимова хабар дода шуд, ки чанд рӯз пеш Қосимова бо ҷавони 32-сола издивоҷ кард.  Ба гуфтаи манбаъ, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0