18:04 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
215 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 25+30 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 23+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 17+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 8+10  ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ