02:14 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2663 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар пайи пахши тарҳи иттиҳомоти кизб ва муғризона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як сериал дар телевизиони давлатии он кишвар ба вазорати умури хориҷии Эрон эҳзор шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон, дар пайи пахши як сериали ба истилоҳ мустанад дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ва тарҳи иттиҳомоти кизб ва муғризона алайҳи Эрон, раиси Идораи Осиёи марказии вазорати умури хориҷаи Эрон сафири Тоҷикистон дар Теҳронро эҳзор кард, иттилоъ додааст “Парстудей”.

Гуфта шудааст, ки дар ин дидор маротиби эътирози шадиди Эрон ба иттиҳомоти беасоси ворида ва рафтори ғайри масъулонаи телевизиони давлатии Тоҷикистон ба Низомиддин Зоҳидӣ иблоғ ва таъкид шуд: Эрон хоҳони равобити дӯстона, бародарона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо Тоҷикистон аст, аммо истимрори ин гуна рафторҳо аз сӯи телевизиони давлатии ин кишвар, хилофи қавоиди равобити дӯстона будааст ва давлати Тоҷикистон бояд ба табаоти чунин рафторҳое тавваҷӯҳ дошта бошад.

Дар гуфтугӯ бо сафири Тоҷикистон эълом шуд, ки Эрон интизор дорад, давлати Тоҷикистон рӯйкарди худро бавижа дар таваққуфи таблиғоти дурӯғин алайҳи Эрон дар телевизиони он, кишвар ислоҳ кунад.  

Сафири Тоҷикистон низ дар ин дидор эълом кард, маротиби эътирози Эронро ба давлати матбуъи худ мунтақил хоҳад кард.

Ин дувумин бор дар як ҳафтаи гузашта аст, ки сафири Тоҷикистон дар робита бо ин мавзӯ ба вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва эътирози Эрон ба вай, иблоғ мешавад.

Пеш аз ин дастёри вазир ва мудири кулли Авруосиёии вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири Тоҷикистонро эҳзор карда буд.

Барчаспҳо:
сафир, Теҳрон, вокуниш, Вазорати хориҷаи Эрон, вазорат, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ