13:09 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Раиси шаҳри Норак ба масъулини дахлдор супориш додааст, ки барои пешгирӣ аз Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ба маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва интихоботи президнтӣ ҷидди омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, ахиран дар толори хурди мақомотии шаҳри Норак машварати кории раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо иштироки шахсони масъул баргузор гардид.

Гуфта шудааст, ки дар рафти кори машварат чаҳор масоили муҳим баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ раиси шаҳр ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории Covid-19 супоришҳои қатъӣ додааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки раиси шаҳри Норак бо масъулин масоили  натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба ташкилу баргузор намудани маъракаи ҷумҳуриявии барӯйхатгирии аҳолӣ ва масъалаи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихобот оид ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Тоҷикистон баррасӣ кард.

 Зикр гардидааст, ки дар асоси гузоришҳо мавзуъҳои баррасишаванда натиҷагирӣ гардида, диққати масъулин ба иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта равона гардид.

Барчаспҳо:
вируси корона, Интихоботи президентӣ, пешгирӣ, супориш, Норак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ