18:48 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
634 0 0

Мақомоти беҳдоштии шаҳри Хуҷанд тибқи як санҷиши корӣ ҳолати аз меъёр зиёд иштирок намудани сокинон дар туйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Равшан” - ро ошкор намуда фаъолияти онро муваққатан боз доштаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки масъулони ин тарабхона бар хилофи тавсияи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар вақти баргузории як тӯйи арӯсӣ ба иштироки 65 нафар иҷоза додаанд.

"Дар давраи пандемияи коронавирус, барои баргузор намудани тўю маъракаҳо бо 30-40 нафар рухсат шудааст, вале аз ҷониби маъмурияти қаҳвахонаи "Равшан" барои барпо намудани тўйи хонадоршавии шаҳрванд А.А. бо 65 нафар иҷозат дода, ба ин ҳол банди 6-и протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2020 сол таҳти №8 ро вайрон кардаанд", - гуфтаанд мақомоти беҳдоштӣ.

Дар рафти санҷиш масъулин чандин ҳолати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла мавҷуд набудани монеаи безараргардонӣ (дизбарер), реҷаи рӯзи вижаи санитариро собит кардаанд ва ба далели ҷойдошти камбудиҳо, мақомот фаъолияти қаҳвахонаи "Равшан", - ро то замони бартараф намудани чунин камбудиҳо боздоштаанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки дар ҷараёни санҷиши корӣ дар самти пешгирии сирояти коронавирус ҳафтаи гузашта ба ҳисоби қаҳвахонаи "Равшан", фаъолияти 18 иншооту муассисаҳои хуроки умум аз қабили мағоза ва ошхонаю тарабхонаҳо дар қаламрави вилоятро то замони бартараф намудани камбудиҳо боз дошта, ҳамчунин дар пайи риоя накардани қоидаҳои сенитарию эпидемиологӣ беш аз 80 санади маъмурӣ бо пардохти 8700 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Чанде пеш ҳам Идораи санитарию эпидемилогии Хуҷанд дар зимни баргузории санҷиш, мавридҳои риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла ташкил накардани маҳлули антисептикӣ ва дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ барои харидорон, бе дастпӯш савдо кардани фурӯшандаҳо дар мағозаҳоро ошкор намуда, то бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти чандин мағозаҳои бузургро муваққатан боздошта буд.

Барчаспҳо:
бастан, тӯй, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ