06:08 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
365210

Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои кишвар дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ