Назарбеков: "сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати кишвардорони ҳар ду давлат маншаъ мегирад"

© 1news.uzНародный артист Узбекистана Озодбек Назарбеков
Народный артист Узбекистана Озодбек Назарбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост аз сиёсати Раҳмону Мирзиёев маншаъ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки дар раъси намояндагони илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар, иштирок намуд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Бар хабари котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар оғози ҳамоиш Зулфия Давлатзода вазири тоҷик иброз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. 

"Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд", - изҳор доштааст Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зимнан, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков низ иброз намудааст, ки ин нахустин сафари онҳо ба Тоҷикистон нест.

"Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд", - афзудаст Назарбеков.

Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.

Лентаи хабарҳо
0