06:10 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1287 0 0

Тибқи пешгӯиҳои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 сентябр дар шаҳру навоҳии мамлакат вазъи ҳаво якбора тағйир ёфта, фаромадани ҳарорати ҳаво ва боридани боронҳои шиддатнок дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ҳангоми боридани борони бошиддат дар кӯҳҳо имкон дорад баъзе ҳодисаҳои табиӣ  рух  диҳад.

Гуфта шудааст, ки дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сангрезӣ ва дар баъзе аз минтақаҳо фаромадани лойоба низ дар назар аст.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад

Ба ҳамин хотир Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба аҳолӣ  ҳушдор дода, ки аз 28 то 30 сентябр  аз роҳандозии корҳои саҳроӣ ва баромадан ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки ронандагон низ дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба роҳҳои душворгузар худдорӣ кунанд.

Барчаспҳо:
ҳарорати пасти ҳаво, ҳарорати ҳаво, сардиҳо, борон, обу ҳаво, КҲФ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ