00:58 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо роҳбарони собиқу навтаъйини намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз бо собиқ роҳбари намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон - "JICA",  Ҳидеки Танабе ва роҳбари навтаъйини намояндагӣ, Такасака Мунео мулоқот кард.

Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни ин мулоқот аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ ба кумакҳои техникӣ ба иқтисод, маориф, тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пиромуни ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 низ мубодилаи афкор сурат гириф, афзуд манбаъ.

Таъкид гардидааст, ки Ҳукумати Ҷопон тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Ҷопон (JDS) барои омодасозии мутахассисони Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодааст.

"Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати ифтитоҳи корхонаҳои муштарак бобати коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар иқдом сурат гиранд", - омадааст дар иттилоия.

Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба роҳбари собиқ, Ҳидеки Танабе барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Ҷопон, сипосгузорӣ намуда, ба роҳбари навтаъйини он дар фаолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.

Барчаспҳо:
Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ