12:40 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
739 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлону ғарби ВМКБ бориши борони бошиддат дар назар буда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар шарқи вилоят низ рӯзона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10 +15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда мешавад. Борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 14+16 дараҷа  гарм мешавад.

Барчаспҳо:
борон, Боду ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ