04:58 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
331 0 0

Мақомоти қазоии Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ истирдод кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин панҷ  нафари муттаҳам ба доштани иртибот бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва таблиғ барои ҷазби атбоъи Лаҳистон  ва Украина ба ин гурӯҳ мебошанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи радиои Полша.

Мақомоти қазоии Лаҳистон эълом кардаанд, ки чаҳор нафар аз ин афрод дар моҳи майи имсол боздошт шудаанд, аммо нафари панҷумӣ дар пайи амалиёти муштараки зиддитеррористии чанд кишвари аврупоӣ пас аз фирор аз Лаҳистон дар моҳи декабри соли 2019 боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин фард  пас аз фирор аз Лаҳистон қасд дошт худро ба Сурияи расонад ва ба шабакаи Ал-Қоида  бипайвандад.

Ин дарҳоле аст, ки чаҳор табааи дигари Тоҷикистон дар рӯзи 15 аврели имсол дар Олмон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия) ва талош барои омодасозии анҷоми чанд амалиёти террористӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин як табааи дигари Тоҷикистон дар авохири моҳи аврели имсол аз Албания ба дархости мақомоти қазоии Олмон ба Берлин мунтақил шуд, ки бо бақияи афроди боздоштшудаи тоҷик дар иртибот буд аст.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, террористӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, истирдод, Лаҳистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ