05:05 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7578 0 0

Мақомоти пулис нафареро меҷӯянд, ки бо сохтани саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз номи Данӣ Энгел, мудири бемористони “Herzliya Medical Center”-и Исроил хабари бардурӯғ паҳн кардааст, ки гӯиё Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон мебошад

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Данӣ Энгел, мудири воқеии бемористони “Herzliya Medical Center”-и Исроил изҳор доштаст, ки Рустами Эмомалиро намешиносад ва хабар дар бораи ӯро низ паҳн накардаааст.

Ҷаноби Энгел дар сӯҳбат бо МедиаМаркер гуфтааст, бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе шинос нест ва ҳарчӣ ки дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз номи ӯ нашр шудааст, воқеият надорад.

 “Ин аккаунт ҷаълӣ(фейк) аст, ки аз номи ман баромад кардаву роҷеъ ба беморхонаи мо маълумоти ҷаълӣ нашр мекунад. Мо ба маъмурияти Твиттер ва пулис муроҷиат кардем ва умедворем, ки одами созандаи ин аккаунти ҷаълиро зудтар пайдо хоҳанд кард”, - афзудаст  Данӣ Энгел.

Ахиран хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли Данӣ Энгел, як масъули бемористон дар Исроил нашр шуда буданд, ки бар асоси он, гӯиё шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон буда, соли 2019 дар Исроил ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст.

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар вокуниш ба ин овозаҳо гуфт, Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст ва саломатияш аъло мебошад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки он маълумоти носаҳеҳ ва ғаразнок аст.

Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ