07:07 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
673901

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, сардорони БДА дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанберо иваз кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон, Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар вилояти Суғд таъйин гардид.

Подполковник Суҳроб Қурбонзода то ҳол сардори БДА дар шаҳри Душанбе буд, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Барканорию таъйиноти сардорони БДА дар Суғду Душанбе

Қурбонзода дар мақоми сардори БДА дар вилояти Суғд, полковник Юсуф Имомзодаро иваз кард.

Дар навбати худ полковник Юсуф Имомзода аз мақоми сардори БДА дар Суғд барканор шуда, ба ҷои Қурбонзода ба вазифаи сардори БДА дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

Ҳамин тариқ тибқи тағйироти кадрии анҷомдодаи генерал-полковник Раҳимзода, подполковник Суҳроб Қурбонзода ва полковник Юсуф Эмомзода ба ҷои ҳамддигар дар раёсати БДА-и Суғду Душанбе таъйин гардиданд.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ