04:57 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
655 0 0

Мукаррама Қосимова - забоншиноси шинохтаи тоҷик, дар синни 87-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мукаррама Қосимова - профессори тоҷик даргузашт, дар ин бора Саъдӣ Маҳдӣ, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки олими забоншинос дар синни 87-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

"Дар ин рўзи ҷумъаи муборак Худо раҳмату мағфират кунад ва дар биҳишт ҷояшон бошад! Бояд гуфт, ки зери роҳбарии муаллима зиёда аз 40 нафар рисолаҳои номзадиву докторӣ навиштаанд, ки дар ҷумҳурӣ аз ин ҳисоб муаллима дар ҷои аввал меистанд", - навиштааст ӯ.

Манбаъ афзуда, ки Мукаррама Қосимова солҳо раиси Шӯрои диссертатсионии бахши филологӣ буд ва дар замони роҳбарии ў даҳҳо нафар бачаҳои камбағали донишманд дастгирӣ ёфта, ҳимоя карданд.

Скриншот поста из Facebook Саъди Махди
Скриншот поста из Facebook Саъди Махди

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, маросими видоъ ва намози ҷаноза бо Мукаррама Қосимова дар манзили зисташ воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе (маҳаллаи маъруф ба Хонаи матбуот, соати 11.00 баргузор мешавад.

Мукаррама Қосимова (Қосимова Мукаррама Набиевна) аз забоншиносони варзидаи тоҷик буд, ки солиёни зиёде дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кард.

Ӯ 16 январи 1933 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омадааст. Қосимова доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ ва Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон мебошад.

Мукаррама Қосимова риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар ҳамин Донишгоҳ ба таълиму таҳқиқ мепардозад.

Солҳои 1956—1986 ба ҳайси устод, дотсент, профессор кор кардааст. Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултаи забону адабиёти ин Донишгоҳи бонуфуз буда, солҳои 1986-1995 мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва солҳои 1995-2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд. Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ дар ДМТ буд.

Ҳамчунин Мукаррама Қосимова муассиси Маркази омӯзиши забонҳо дар ДМТ буд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба дӯш дошт.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, забоншинос, даргузашт

Мавзӯъҳои асосӣ