Раҳмон ба Амири нави Кувайт барқияи табрикотӣ равон кард

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Амири Давлати Кувайт, барқияи табрикотӣ равон кард

“Бо таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Амири Давлати Кувайт арз намоям. Ба Шумо сиҳҳатии комилу дар иҷрои муваффақи рисолати сермасъулатон пирӯзмандӣ, ба мардуми бародари Давлати Кувайт сулҳу суботи пойдор ва таҳти сарварии Шумо гузоштани қадамҳои навини устуворро дар ҷодаи дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии беш аз пеш хоҳонам”, - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард: “бо истифода аз фурсати нек қаноатмандии ин ҷонибро аз раванди вусъатёбандаи рушду таҳкими равобити дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт иброз медорам”.

Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои махсус барои панҷ нафар: бозгашти шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳо бо Кувайт, ки яке аз шарикони муҳиму боэътимоди ҷумҳурӣ дар минтақа мебошад, назари некбинона дорад.

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

“Дар ин зимн рағбати содиқонаи худро ба ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди самарабахши минбаъдаи раванди мазкур, ки муҷиби хайру баракот барои мардумони кишварҳои мо мебошад, изҳор менамоям. Лутфан, Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред” -  гуфт раисҷумҳури кишвар.

Лентаи хабарҳо
0