08:18 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
845 0 0

Шабонарӯзи гузашта ҳарчанд бидуни фавт аз коронавирус гузашт, вале 43 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт шуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯз қабли коронавирус дар кишварро нашр намуд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир 46 нафар мубталоёни коронавирус пас аз муолиҷа шифо ёфта, аз бемористон мураххас шуданд.

Раҳмон ба Трамп барқия фиристода, ба ӯву ҳамсараш шифои оҷил аз коронавирус таманно кард

Манбаъ меафзояд, дар инмуддат боз 43 нафари дигар тоза дардманди ин вирус гардиданд. Дар маҷмӯъ бошад, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 895 нафар баробар шудааст.

Ҳамзамон, то санаи  3 октябр дар мамлакат  8707 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 77  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ