00:48 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1819 0 0

Мақомоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” мегӯянд, ба далели камбуди мусофир парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба маркази вилояти Бадахшон коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъкид кардааст, ки қарор буд ҳар ҳафта ду бор дар ин масир парвоз анҷом  дода шавад, аммо аз моҳи июл то ба ҳол танҳо 10 бор мусофир ба теъдоди кофӣ ҷамъ шуда ва ба шаҳри Хорӯғ мунтақил шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Дар ҳоле, ки мебоист 24 парвоз дар ин масир анҷом мешуд ва акнун интиқоли мусофирон ба ҷамъ шудани теъдоди кофии онон бастагӣ хоҳад дошт. 

Ба гуфтаи ин ширкат, ҳавопаймоӣ кӯчак метавонад бо 17 мусофир аз Душанбе ба Хорӯғ парвоз кунад, ки ин теъдод мусофир низ ҷамъ намешавад.

Қаблан қиммати билет барои ҳвр мусофир ҳазор сомонӣ буд, ки баъдан ба 750 сомонӣ коҳиш дода шуд. Ҳамчунин мудирияти Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе аз ширкати “Тоҷик Эйр” барои фурӯди ҳар парвоз дар ин масир маблағи 101 доллар ҳақи хадамоти фурӯдгоҳӣ талаб карда буд, ки ба дархости Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ин авориз низ лағв шуд.

Барои парвоз дар ин масири 500 километрии кӯҳистонӣ аз ҳавопаймои кӯчак, ки метавонад масири ҳавоии Душанбе ба Хорӯғро ба муддати 1 соату 5 дақиқа, ки аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд тай кунад, истифода мешавад.

Барчаспҳо:
парвозҳо, Душанбе, Бадахшон, мусофир, Тоҷик Эйр, ҳавопаймо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ