05:07 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
249 0 0

Мақомоти шаҳри Норак таъкид кардаанд, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро карданд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Норак маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар - Ватан шараф аст»” бо иштироки рохбарияти шаҳр, падару модарон, шахсиятҳои рӯзгордида, ҷанговарони башардӯст ва дигар меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак.

Неъматзода Маликшо, раиси шаҳр, ба падару модарони наваскарон, ки хамагӣ ихтиёриён мебошанд, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд.

“Маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон боиси он гардид, ки шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсоларо дар ҷумҳурӣ дар рӯзи аввали даъват 100 % иҷро менамояд”, -қайд кард Маликшо Неъматзода.

 Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ба наваскароне, ки курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ ва харротиро хатм намудаанд шаҳодатномаҳо супорида шуд.

 Гуфта шудааст, ки дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Барчаспҳо:
иҷро, нақша, аскарӣ, Норак, Маликшо Неъматов

Мавзӯъҳои асосӣ