Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад: Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик кард

Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад ва ба муносибати ин рӯз ба Президенти Тоҷикистон сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, номаҳои табрикотӣ равон карданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия Эмомалӣ Раҳмонро ба рӯзи зодрузаш табрик кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

 Аз ҷумла Владимир Путин дар паёми шодбошиаш ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки роҳбари Тоҷикистон чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонаш иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед.

“Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд”, - қайд кардааст Путин.

Ҳамзамон раисҷумҳури Русия зикр кардааст, ки саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Русияву Тоҷикистон, суръат бахшида, ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.

Мулоқоти Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳмон бо Халилзод, аз ҳамкорӣ то музокироти сулҳи байниафғонӣ

Инчунин Владимир Путин таъкид доштааст, ки аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зичи ду кишвар аз рӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷониба бар нафъи мардумони Русияву Тоҷикистон хушҳол мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз раисҷумҳури Тоҷикистонро на фақат президенти Русия балки роҳбари Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти якуми Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Беларус Александр Лукашенко ва раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев табрик намуданд.

Ёдар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон (Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар  ноҳияи Данғараи  ҶШС Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд.

Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40-и Калининободро ҳамчун устои барқ ​​хатм карда, пас аз он ба корхонаи равғанбарории шаҳри Қурғонтеппа ба кор фиристода шуданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Амири нави Кувайт барқияи табрикотӣ равон кард

Дар тӯли се сол- аз соли 1971 то 1974 Эмомалӣ Раҳмон дар Флоти Уқёнуси Ором ба ҳайси маллоҳи калон адои хизмат кардаанд. Пас аз адои хизмат ба ҳайси котиби мақомоти роҳбарикунандаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ба кор  сар карданд.. Баъдан раиси комитети иттифоки касабаи совхоз шуданд.

Аз соли 1987 то 1992 дар мансаби директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара адои вазифа кардаанд.

Соли 1982 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон оиладор ва соҳиби ҳафт духтар ва ду писар мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0