Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми тоҷикони дунёро бо Рӯзи забони модарӣ шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳамасола, санаи 5 - уми октябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гирифта мешавад. Ба ин муносибат, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷиконро ба ин санаи муҳим табрику таҳният гуфт.

Диктант - Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши дониш: номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз он ёдовар кард, ки ба ҷавонону наврасон пайваста аз андӯзтани забонҳои хориҷӣ таъкид мекард.

Сипосномаи раиси кумитаи забон ба вазири фарҳанг барои татбиқи забони давлатӣ

Аммо дар ин робита, Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҷавонон бояд қабл аз омӯхтани забонҳои ғайр, забони модариро пос ва арҷгузорӣ кунанд.

"Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президент таъкид кард, ки забонҳои хориҷиро бояд на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати тоҷикон омӯхта ва истифода бурда шавад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон имрӯз ҳам аз Рӯзи забони давлатӣ ва ҳам солрӯзи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷашн мериранд.

Кишвардори Тоҷикистон имрӯз аз 68 - умин солгарди худ таҷлил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0