Дар Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон таъсис ёфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонДевушки аплодируют президенту Таджикистана
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки дар водии Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ гардида.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мақсади асосии амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон будааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Абдурашид Кишварзода прокурори нави Рашт таъйин шуд

Ҳамзамон дар ноҳияи Лахш ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

“Дар кори ҷаласа роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, котиботи Шӯрои машваратии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муовинони раисон, аъзои Шӯрои машваратии водӣ, инчунин котибони масъул, аъзои шӯроҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои имконоти сармоягузориву соҳибкории водии Рашт ва баланд бардоштани иқтидори он, таклифу пешниҳодҳо ба лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, имконоти рушди соҳаи коркарди маҳсулот ва афзоиши занҷираи арзиши иловашуда дар водии Рашт ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

“Иштирокчиён оид ба дастгирии бахши хусусӣ, истифодаи шароит ва имконоти рушди минтақаи Рашт, таҳкими фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, саҳми соҳибкорон дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа ибрози назар намуданд”, — илова намуд манбаъ.

Зикр гардидааст, ки бахшҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла мармар, ангиштсанг, хокаи оҳаксанг, тиллои пошхӯрда, бунёди корхонаҳои хурди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбўри асал, ҷамъоварӣ ва банду басти меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш, коркарди пӯсту пашми ҳайвонот ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятнок дар минтақа интихоб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0