09:54 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
562 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе 21+23 дараҷа  гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Рӯзона дар шарқи вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда мешавад. Танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар доманакӯҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 14 +19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.   Шамол аз самти аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

Барчаспҳо:
борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ