Борон, вале то 27 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Pixabay/NickyPeПрогулка в дождливую погоду
Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон имрӯз боронӣ мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони суст меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3+8  ва рӯзона 14 +19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 23+25 дараҷа  гарм мешавад

Лентаи хабарҳо
0