16:12 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1384 0 0

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, донишманд, коршиноси масоили дин ва яке аз муқобилони равияи салафия аз дунё даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Боз як донишманд ва коршиноси варзидаи масоили динии Тоҷикистон дунёро падруд гуфт, хабар медиҳад "Pressa tj". 

Абдуллоҳи Муҳаққиқ зодаи шаҳри Кӯлоб буда, ҳамагӣ 57 сол умр дошт. 

Манбаъ аз қавли бародари марҳум менависад, ки "ӯ бардам буд ва аз саломатӣ ягон шиква надошт".

Полковники роҳбару ободкор: муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон даргузашт

Ҷанозаи марҳум имрӯз, дар зодгоҳаш деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ муаллифи китоби "САЛАФИЯ: Нигоҳи муосири илмӣ-сиёсӣ ё радди афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ" буд.

Асари мазкур ифшогари афкору андешаи ғаразноки салафия ва оқибатҳои ситезагароии онон буда, барои шинохт ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мазҳаби ҳанафӣ заминаи воқеӣ муҳайё сохтааст.

Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Муҳаққиқ, даргузашт

Мавзӯъҳои асосӣ