11:16 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2550 0 0

Бо қарори раиси вилояти Суғд, Эҳсон Ҳомидов мудири Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ таъйин шудааст. Ҳомидов дар ин мақом Муҳиддин Сангиновро иваз намуд, ки номбурда рӯзи 2 - юми сентябр аз маризии коронавирус ҷон бохта буд

ДУШАНБЕ, 7 окт – Sputnik. Бо сабаби даргузашти Муҳиддин Сангинов дар рӯзи 2 - юми сентябр, ҳудуди як моҳ боз курсии мудирӣ дар ин театр холӣ монда буд.

Пештар аз Сангинов, Абдуқаҳҳор Раҷабов, мудири театри ба номи Камоли Хуҷандӣ буд, вале дар пайи хуруҷӣ бемории ҳамагири "илтиҳоби шуш", рӯзи 12 - уми майи соли равон аз олам даргузашт.

Бино ба иттилоъи манобеи Sputnik Тоҷикистон, Ҳомидов ҳудуди як ҳафта пеш дар асоси қарори Раҷаббой Аҳмадзода, мудири Театри мазҳака мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ таъйин гардидааст.

Эҳсон Ҳомидов зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Баъд аз хатми мактаб, дар Академияи санъати шаҳри Хуҷанд таҳсил намудааст. Ӯ аз ташаббускорони театри наврасон буда, ҳудуди се соли охир ба ҳайси саркоргардони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

+16: театри тоҷик нахустнамоиши "Бозичаҳо"-ро ба таври онлайн дар Youtube манзур мекунад

Эҳсон Ҳомидов то ин вақт, барои ба саҳна гузоштани як зумра намоишномаҳо саҳм гузоштааст. Аз ҷумла зери коргардонии ӯ намоишномаи "Бозингарон" аз рӯи асари Н.В. Гогол ва "Харгӯшаки ҷасур" - и нависанда Г. Вебер, ба саҳна гузошта шуда, мавриди писанди даҳҳо бинанда гардидааст.

Соли 2019, ба маҳзи коргардонии ӯ, намоишномаи "Пораи дили модар" аз рӯи асари нависанда Шариф Ҳалим, дар саҳнаи Театри давлатии мусиқавии тамошобини ҷавон дар Хуҷанд монда шуд ва ҳамон сол бо ин намоишнома театри Хуҷанд дар фестивал-озмуни синамо ва театрҳои кишвар "Парасту" роҳ ёфта соҳибҷоиза гардид.

Эҳсон Ҳомидов, ҳоло 34 - сола аст ва дорои унвони Аълочии фарҳанг мебошад.

Барчаспҳо:
театр, таъйиноти кадрӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ