15:29 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
638 0 0

Кишвардори Русия Владимир Путин имрӯз аз 68 - умин солрӯзи худ ҷашн мегирад. Дар ин робита, раисҷумҳурони аксар кишварҳо унвонии Путин номаи шодбошӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар қатори даҳҳо раисҷумҳурон, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамтои русашро бо ҷашни мавлуд таҳният гуфт.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон унвонии Владимир Путин мактуби муборакбодӣ фиристод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш ба ҳамтои руси худ беҳтарин ва самимитарин таманниёт ба муносибати зодрӯзаш орзу намудаст.

Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад: Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик кард

Манбаъ меафзояд, сарони ду давлат муколамаро оид ба роҳҳои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия идома доданд.

"Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Барчаспҳо:
таҳният, мавлуд, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ