20:10 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
170 0 0

Номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ваъда додааст, ки кишоварзони кишварро аз андоз озод намуда, нафақаи онҳоро баланд мебардорад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рустам Латифзода, номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботиаш ваъда додааст, ки агар дар интихобот ба мансаби Президенти Тоҷикистон мушарраф гардад, бо назардошти ҳатмии манфиатҳои мамлакат Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳамроҳ, кишоварзони мамлакатро аз андоз озод намуда, нафақаи онҳоро баланд мебардорад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.  

 “Мақсади мо таҳкими мавқеи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст,  ки он, дар навбати худ,  яке аз омилҳои амнияти миллист. Аз ин рӯ дар барномаи пешазинтихоботӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаем”, - таъкид дошт Рустам Латифзода .

Ӯ қайд кардааст, ки шиори ҲАТ дар интихобот  “Зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон!” буда, рушди бахши кишоварзии мамлакат дар авлавияти  фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб қарор дорад.

Вай афзуд, дар шароити муносибатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд  иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон бозбинӣ ва тақвият дода шавад.

“Барои таъмини амнияти озуқаворӣ бояд таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ  ва деҳот, ки аксари аҳолии мамлакат дар ин бахш фаъолият доранд, бештар шавад. Сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди деҳот, беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии иҷтимоию маишӣ нигаронида шуда, дар доираи он сатҳи зиндагии аҳолии деҳот бояд ба сатҳи зиндагии сокинони шаҳр баробар гардад”,- гуфт ӯ.

Рустам Латифзода тақвияти ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро вазифаи афзалиятнок меҳисобад, зеро ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаби ҳудудҳои наздимарзӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар яке аз бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲАТ омадааст, ки  шароити  иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ бояд беҳтар карда шавад.

Озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон  то сатҳи нафақаи  миёнаи ҷумҳуриявӣ низ аз ваъдаҳои ин номзад буда, инчунин барои рушди муваффақонаи соҳаи маориф зиёд намудани маоши омӯзгоронро зарур медонад.

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, президент, нафақа, андоз, номзад, номзадҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ