07:55 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Арзиши гази моеъ, шурӯъ аз дирӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон то 10% поён рафта 4 сомонӣ шудааст. Дар баъзе аз таъмингоҳҳои атрофти Хуҷанд қимати газ то ба 3, 9 сомонӣ поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 10 окт – Sputnik. Баъзе аз кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд, омили тағйирёбии нархро шарҳ дода, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки афзоиши ҳаҷми воридоти газ ба ин ҳол қиммати онро поён бурдааст.

“Ҳоло ҳаҷми воридоти гази моеъ аз пеш дида бештар шуда ва аксар таъмингоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ ба таври кофӣ захира намудаанд. Ҳама намуд молу маҳсулот вақте, ки ба бозор бештар аз пеш ворид карда шавад табиист, ки қимати он тағйир меёбад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар поёни моҳи гузашта арзиши гази моеъ дар фурӯшгоҳҳо ба 4, 4 – 4, 6 сомонӣ дакка зада буд ва он замон шуморе аз ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ баландравии нархро ба мушкили камбуди воридкунии газ маънидод мекарданд. Шурӯъ аз дирӯз дар аксар нуқтаҳои фурӯш дар шаҳру навоҳии кишвар нархи газ 4 сомонӣ шудааст.

Гази моеъ аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бахши аъзами аҳолӣ ба далели вазъи иқтисодӣ нақлиёти худро аз ҳисоби гази моеъ ба ҳаракат медароранд, зеро дар муқоиса ба бензин газ нисбатан арзонтар маҳсуб мешавад.

Ба ин далел бисёре аз мошинҳое, ки аз кишвари Олмон вориди Тоҷикистон мешавад, сокинон таҷҳизоти газӣ насб мекунанд. Ба ҳисоби воситаҳои нақлиёт аҳолӣ дар шаҳр ва ҳам рустоҷойҳои Тоҷикистон барои пухту паз аз гази моеъ фаровон истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, дар соли гузаштаи 2019 беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Барчаспҳо:
нархи қимат, Хуҷанд, поин, гази моеъ, газ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ