Раъду барқу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Vladimir AstapkovichГроза в Москве
Гроза в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона 13+15 дараҷа  гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят шабона барф борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ Тоҷикистон: ҳавои сарду боридани боронҳои шиддатнок дар назар аст

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, дар кӯҳҳо ва доманакӯҳ борони бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борони бошиддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 8 +13 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 13+15 дараҷа  гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0