“Режими идона”: тадобири амниятӣ дар рӯзи интихоботи президентӣ маъмулӣ хоҳад буд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПодготовка к выборам в Таджикистане
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи интихоботи президентӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи режаи маъмулӣ кор хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз рӯи реҷаи муайяншуда кормандони милиса дар участкаҳои интихоботӣ ба теъдоди маҳдуд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ эъзом мешаванд.

Махмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон
Зокирзода: участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳо омодаанд

“Онҳо аз рӯи ваколатҳои хизматии худ кор мекунанд. Дар умум дар ҷузву томҳои вазорат ва шуъбаву раёсатҳои марказиву маҳаллӣ низоми пурзӯри хизмат ҷорӣ аст. Ҳамчунин тадобир, тибқи маъмул, дар арафаи иду ҷашнҳо ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ, назири интихоботҳо ё ҷаласаҳои сатҳи байнулмилалӣ, ки дар кишвар баргузор мешаванд, гирифта мешаванд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

11 октябр дар Тоҷикистон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ дар назар аст. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, дар дохили кишвар 68 ҳавза, 3375 қитъаи интихоботӣ ва дар хориҷ 39 қитъаи дигари интихоботӣ дар 29 кишвари ҷаҳон ташкил шудааст.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон: танҳо арқом

Бино ба ин манбаъ, интихоботро 12 173 мушоҳиди миллӣ ва 1366 намояндаи номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон, 145 мушоҳиди байнулмилалӣ аз 5 давлат, 6 ташкилоти байнулмилалӣ ва 8 сафоратхонаи муқими Тоҷикистон назорат хоҳанд кард.

“Бо мақсади инъикоси раванди интихобот дар КМИР 267 намояндаи воситаҳои ахбори дохилӣ ва 37 расонаи хориҷӣ, дар ҳавзаҳои интихоботӣ 170 рӯзноманигори маҳаллӣ сабти ном (аккредитатсия) шудаанд”, - омадааст дар иттилоияе, ки КМИР дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод.

Бино ба ин иттилоия, участкаҳои интихоботӣ бо маводи беҳдоштӣ, аз қабили ниқобҳо, антисептикҳо ва шлеми муҳофизатию дастпӯшакҳо таъмин карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0