00:19 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Шашумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 8-и субҳи имрӯз дар Сафорати ин кишвар дар Теҳрон оғоз шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Донишҷӯёну шаҳрвандони Тоҷикистон, дар қаламрави Эрон ва дипломатҳову кормандони сафорати ҷумҳурӣ дар Теҳрон бо ҳузур дар пойи сандуқҳое, ки дар сохтмони сафорат истиқрор ёфтааст, раъйи худро ба сандуқ мерезанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей". 

Дар Сафорати Душанбе дар Теҳрон низ интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон то соати 20-и шаб идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
Теҳрон, сафорат, интихобот, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ