13:55 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
247 0 0

Субҳи имрӯз дар пойтахти кишвар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ пушти сандуқи раъй рафт

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шахси боътимоди Эмомалӣ Раҳмон, номзад ва раиси Ҳизби халқӣ – демократӣ, бо аҳли хонаводааш дар қитъаи интихоботии №12, воқеъ дар мактаби №7 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раъй додааст.

Вай гуфт, интихоботи президентӣ дар фазои озоду демократӣ баргузор мешавад.

“Мардум муназзам ва бо навбат омада, раъй медиҳанд. Бовар дорам ки аксар овози худро ба номзади арзандаи худ хоҳанд дод ва мо ба зудӣ аз натиҷаҳои интихобот хоҳем дид, ки онҳо бештар ба кӣ раъй додаанд. Бовар дорам, ин интихобот омили пешрафт ва амнияту осудагии халқ ва як марҳилаи ҷадиди шукуфоӣ барои Тоҷикистон мешавад”, - гуфт Низом Қосим.

Бояд гуфт, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҳудуди 70,1 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон овози худро доданд ва ҳамин тариқ интихобот барпошуда маҳсуб меёбад.

Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагони кишвар дар маъракаи интихоботӣ ширкат варзанд, пас интихобот барпошуда шуморида мешавад.

Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Ба мансаби олии давлатӣ 5 номзад довталабӣ мекунанд. Сарвари давлат ба муҳлати 7 соли минбаъда интихоб мешавад.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 мансаби сарвари давлати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, интихобот, КМИР, раъй, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пойтахт, Низом Қосим

Мавзӯъҳои асосӣ