21:50 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
901 0 0

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз бо нашри аксҳояшон аз нуқтаҳои овоздиҳӣ шарҳ додаанд, ки чаро ба интихобот рафтанду саргузаштҳояшонро ҳангоми раъйдиҳӣ нақл карданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Азизҷон Азимӣ, ҷавони шинохта ва муваффақи тоҷик, ки қаблан ба феҳрасти “30-гонаи то 30-солаҳо”-и маҷаллаи Форбс шомил шуд, навиштааст, ки ба нуқтаи овоздиҳии назди хонааш барои раъйдиҳӣ рафт.

Азимӣ: дигаргуниҳо бояд танҳо тариқи интихобот шаванд

“Ба шумо чанд варақаи овоздиҳӣ?” – пурсидааст узви комиссия аз Азизӣ ва ӯ ба гуфтааш бо як сардаргумӣ посух додааст, ки “як адад, тавре қонун муайян кардааст”.  “Майлаш, ба ҳур сурат пурсидам", илова намудааст масъули коммиссия.

Азимӣ бо зикри ин саргузашт дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки роҳ ба сӯи таҳаввулот тӯлонист, аммо он дигаргуниҳо бояд танҳо тариқи қутиҳои раъйдиҳӣ амалӣ шавад.

"Бо мошин то хона бурд, аз дигарон хайре надидаам"

Абдуқодир Рустам, адиб ва донишманди тоҷик, дар саҳифааш навиштааст, ки дар интихобот ба ҷонибдории номзаде, овоз дод, ки боре ӯро дар мошинаш савор карда, то назди хона бурдааст. Ӯ шӯхиомез афзуд, ки аз дигарон хайре надидааст.

Фирӯз Ҳакимов, сознавози шинохтаи тоҷик, навиштааст, сарфи назар аз хандахаришҳо, ки овозаш чизеро тағйир намедиҳад, чун ба ҳамеша ба овоздиҳӣ рафт.

Хандахариши Ҳакимов: овозат чизеро тағйир намедиҳад

Ҳакимов бар ин аст, ки овозаш аҳамият дорад ва шарҳ додааст, ки агар Худо нокарда бо интернет, барқ ва ё чизи дигар мушкиле пайдо шавад, ӯ дар бораи интихоби худ фикр хоҳад карду бо ҳамин аз афкори манфӣ дур мешавад.

Профессор Ҷовид Муқим, субҳи имрӯз дар саҳифааш аз ташкили раванди овоздиҳӣ тавсиф кард. Ӯ риояи қоидаҳои беҳдоштиро таъкид карда, афзудааст, ки ҳатто барои дар як вақт ҷамъ нашудани интихобкунандагоняк қитъаи овоздиҳӣ ба ду тақсим карда шудааст.

Дилшод Назаров, варзишкори шинохтаи Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ дар риштаи гурзандозӣ низ бо аҳли оилааш дар интихобот ширкат кард. Назарова, ҳамсари Дилшод гуфт, хушбахт аст, чун дар кишваре зиндагӣ мекунад, ки зан ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок кунад ва ӯ аз ин ҳуқуқаш истифода кард.

Раёсати кор бо ҷавонони ВМКБ аз маъракаи оғози интихобот бо мусиқию доира дар пеши Театри шаҳри Хоруғ гузориши аксӣ нашр кардааст, ки дар он гуруҳи зиёди ҷавонон ҷамъ омадаанд. Дар зимн аз аксҳо аён аст, ки дар бисёри ҳолатҳо фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ сарфи назар шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз навбатпойии зиёди шаҳрвандон барои раъйдиҳӣ гузориши аксӣ нашр кардааст.

Муҳоҷири овоздода: шайтон ноумед

Раҳматуллоҳ Мирзоҳаётзода, бо нашри акси овоздиҳияш дар Маскав изҳор дошт, ки "мо ҳам аҳли муҳоҷирин қатори дигарон қарзи шаҳрвандиамонро иҷро кардем ва умед дорем, ки дар ҳаёти муҳоҷирон дигаргунии куллие ба амал хоҳад омад. Шайтон ноумед, гуфтаанд".

Бархе аз ситораҳои санъати Тоҷикистон низ бо нашри аксҳо дар саҳифаи иҷтимоияшон аз иштирок дар интихобот хабар доданд. Муҳаммадрафӣ Кароматулло, овозхони тоҷик, писари Кароматуллоҳи Қурбон, сарояндаи маъруфи тоҷик, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд, бо аз ҷараёни овоздиҳияш аксҳо нашр карда, таъкид намудааст, ки "Интихоби ман! Пешвои Ман".

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз раванди овоздиҳӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар сафоратхонаҳо дар Аврупо, ИМА, Осиё ва кишварҳои арабӣ гузориши аксӣ нашр кардааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 15:00-и 11 октябр ҳудуди 70,1 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон овози худро доданд ва ҳамин тариқ интихобот барпошуда маҳсуб меёбад. Феълан интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар идома дорад.  Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, то соати 20:00 ба ҷонибдории номзади дилхоҳашон раъй диҳанд.

Барчаспҳо:
президент, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ