02:58 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
247911

Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР дар пайи анҷоми овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ изҳор дошт, ки аз раванди раъйдиҳӣ ягон шикоят ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бахтиёр Худоёрзода зимни пахши мустақим тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ягон шикоятро дар бораи нақзи қонун ҳангоми интихобот нагирифтаанд.

Ӯ иттилоъ дод, ки овоздиҳӣ соати 20:00 ҷамъбаст гардид ва илова намуд, ки баъди гирифтани санади шумориши овозҳо аз ҳамаи 68 ҳавзаи интихоботӣ, КМИР натиҷаҳои аввалияро фардо рӯзи 12-уми октябр соати 10:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур эълон мекунад. 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаблан гуфт, то соати 15:00 ҳудуди 70,1 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон овози худро доданд ва ҳамин тариқ интихобот барпошуда маҳсуб меёбад.

Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагони кишвар дар маъракаи интихоботӣ ширкат варзанд, пас интихобот барпошуда шуморида мешавад.

Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи раисиҷумҳур иштирок намуданд. 

Барчаспҳо:
интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ