07:08 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
253211

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik.  Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 127, 72 овоз яъне 3,3 %, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Президент дар Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад. Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
президент, Эмомалӣ Раҳмон, Интихоботи президентӣ, интихобот, натиҷа, раъйпурсӣ, КМИР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ