03:07 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имсол, ки обуҳавошиносон аз нисбатан пештар фаро расидани фасли сармо хабар доданд, дар Душанбе мақомот ба интиқоли гармӣ оғоз карданд.

"Шурӯъ аз имрӯз, 12 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти пойтахт оғоз кард", - менависад "Ховар" дар истинод ба сардори маркази матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" Нозир Ёдгорӣ.

Дар айни замон 502 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти пойтахт 28 октябр оғоз карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ