19:03 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
39101

Имрӯз раисҷумҳури Қазоқистон ба президенти Тоҷикистон занг заду ӯро бо пирӯзии комил дар интихобот самимона табрик карда, даъват намуд, ки дар вақти муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имрӯз миёни раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом ёфт.

Выступление президента Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат роҳбари Қазоқистони Эмомалӣ Раҳмонро бинобар аз нав  интихоб шудан ба мансаби Президентӣ самимона шодбош гуфта, ба ӯ беҳтарин таманниётро орзӯ намудааст.

“Қосим-Жомарт Тоқаев саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузашон дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид намуд”, - қайд кардааст манбаъ.

Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба  Президенти Қазоқистон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ба аҳамияти иқдоми муштараки минбаъда дар роҳи таҳким ва таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар робита ба ҳавасмандии аслии ду давлат ишора карда шуд.

Президенти Қазоқистон бо камоли хоҳиш аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

"Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад", - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
сафар, табрик, президент, даъват, ҳамкорӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ