20:19 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар паёме ба раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон даргузашти Муҳаммадризо Шаҷариёнро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ин паём, аз даргузашти Шаҷариён ба унвони барҷастатарин ҳунарманди арсаи овоз ва мусиқии суннатии Эрон ибрози таассуф карда ва ин фиқдонро ба Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, аҳолии мусиқӣ, адабу фарҳанги Эрон ва кулли дӯстдорони ҳунари Шаҷариён таслият гуфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои бастагони шодравон Шаҷариён сабри ҷамил орзӯ намудааст.

Дар паёми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамчунин омада аст: “Ҳунари мусиқӣ ва садои сиҳромези устод Шаҷариён аз марзҳои миллӣ фаротар рафта ва мусиқии суннатии кишварашро ба ҷаҳонён дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ кардааст. Аҳолии мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон низ бо ҳунари беназири устоди фақид ошно буданд ва ёди ӯро гиромӣ медоранд”.

Муҳаммадризо Шаҷариён рӯзи панҷшанбе 17 меҳр баробар бо 8 октябр дар сини 80 солагӣ бар асари бемории саратон чашм аз ҷаҳон фурӯбаст.

Барчаспҳо:
Теҳрон, паём, таслият, сафорат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ