21:01 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2148 0 0

Мавлуда Рофиева, хабарнигори Ожонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Муҳаббат Ҷӯраева, аз ҳамкорони Рофиева бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Рофиева чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба "илтиҳоби шуш" ранҷ мекашид.

"Аз рӯзи 30 сентябр ба ин тараф бо сабаби беморӣ ба кор набаромада буданд. Ахиран, санаи 7 - уми октябр телефонӣ суҳбат доштем ва аз дарди гулу шикоят мекарданд. Мегуфтанд, ки аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба кор мебароянд, Аммо имрӯз бандагӣ кардаанд. Мо ба ҳамаи ҳамкасбону пайвандонашон изҳори тасаллият арз мекунем", - гуфт Ҷӯраева.

Мавлуда Рофиева, аз рӯзноманигорони фаъоли зан дар вилояти Суғд буд, ки дар инъикоси саривақтии ахбори муҳими минтақаи шимоли кишвар саҳми басо назаррас дошт.

Хабарҳои марбут ба баҳсҳои марзиро пайваста дунбол мекард. Ӯ аз рӯзноманигорони фаъоле буд, ки бевосита ҷараёни музокироти ҷонибҳо дар ҳалли масъалаи марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро бозтоб менамуд.

Гавҳари ҳунар Эронро падруд гуфт: Шаҷариён устоди бузурги овоз даргузашт

Мавлуда Рофиева 30 декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шудааст. Ҳудуди 20 сол боз минҳайси хабарнигори хабаргузории Asia-Plus дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Рофиева ҳамчунин, роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар Суғд кор мекард.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, рӯзноманигор, даргузашт

Мавзӯъҳои асосӣ